Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахтномаи миллат

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

294Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян менамояд. Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватамон гардид.
Аз замоне, ки ҳуҷчати таърихӣ тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардид, 25 сол сипарӣ гардида, он санадест, ки ҳамрадифи рӯзгори давлатдории навини миллат буда, тамоми дастовардҳои давраи соҳибистиқлолиамонро фаро мегирад. Имрӯз баъд аз гузашти як муддати дар назди таърих хеле кӯтоҳ аллакай имтиҳонҳои зиндагӣ, вазъи сиёсии олам нишон дод, ки давлати соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат роҳи дурустро интихоб карда будааст.
Конститутсияи кишвар аввалин Қонуни асосиест, ки дар он таҷзияи ҳокимият: қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар пайванди комилҳуқуқии ҳамдигар амал мекунанд. Ба ҳар як шохаи ҳокимият доираи ваколатҳо муайян буда, нишонаи асосии он ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Боиси қайд аст, ки аз лаҳзаи қабули Конститутсияи кишвар давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мақомоти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, баҳри таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Мардуми тоҷик, ки соҳиби яке аз беҳтарин Конститутсия ва ҳуқуқномаи таърихи башардӯстонаи дунё будаасту бо он дар таърих обрӯву эътибори хоса ва баъд ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ табиист, ки Конститутсияи навину такмилёфтаи худро эҷод кардааст.
Ҷумаев Туйхон - шунавандаи курси тайёрии ибтидоии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...