Шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар Академияи ВКД
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ, хусусан дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри зебоманзари Душанбе корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, барои тамоми сокинон, алалхусус барои ҷавонону донишҷӯён шароитҳои беҳтарини таҳсилу хизмат ва фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо рафти корҳои ободонӣ дар Академияи ВКД шинос шуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои факултети №6-и ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шинос гардида, барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лозим ба ёдоварист, ки факултети №6 бо Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми июли соли 2017 бо мақсади тайёр намудани мутахассисони самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шудааст.
Дар факултети №6 ду кафедра: кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ мавҷуд аст. Дар факултет курсантон бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ таҳсил менамоянд.