Чорабинӣ бахшида ба иди байналмилалии «Асои сафед»
Бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар саҳни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иди байналмилалии «Асои сафед» ба ифтихори Рӯзи нобиноён баргузор гардид.
Бо даъвати ВКД, дар ин рӯз ҳунарманди ҷавон ва хушовоз, хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон Иброҳими Исмоилзод бо барномаи рангини консертӣ дар байни омӯзгорону курсантон баромад намуд. Пеш аз оғози консерт Иброҳими Исмоилзод миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати дастгирии ин қишри ҷомеа баён дошт.
Дар ин барномаи ҳунарӣ, Иброҳими Исмоилзод аз эҷодиёти шоирони ширинкалом Гулназар Келдӣ, Хайрандеш бар оҳангҳои Субҳони Саид, Диловари Зуҳуриён, Дилшод Гулов, Маҳмадулло Суннатзод сурудҳои нави худро пешкаши бинандагон гардонид. Мавзӯи сурудаҳои Иброҳим аз меҳру дӯстӣ, тараннуми зебоиҳои кишвар ва ишқу муҳаббат иборат буданд. Ҳозирин бо кафкӯбиҳо таронаҳои дилнишини ин сарояндаи хушовозро истиқбол намуданд.
Дар интиҳои барномаи консертӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинӣ, Иброҳими Исмоилзод миннатдории хешро ба Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД иброз дошт. Сипас, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба Иброҳими Исмоилзод туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Убайдуллоев Ш., Сафарова С.