Кушодашавии синфхонаи махсуси ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар Академияи ВКД
Дар бинои Академияи ВКД синфхонаи махсуси ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ гардид.
Дар маросими кушодашавии синфхонаи мазкур сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, муовинони сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Саидзода З.А. ва полковники милитсия Ализода А.Ш., омӯзгорон ва кормандони Академияи ВКД, инчунин намояндагони ташкилоти байналмилалии "Сейферворлд" (Дунёи бехатар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи он синфхонаи махсус таҷҳизотонида шудааст, иштирок намуданд.
Синфхона бо тамоми шароитҳои корӣ, таҷҳизотҳои муосири корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар пешбурди самти фаъолияти масъулин нақши назаррас хоҳад гузошт.
Бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баромад намуда, қайд кард, ки дар доираи амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 кушодашавии Синфхонаи махсуси ҳамкории милитсия бо ҷомеа боз як қадами нав дар татбиқи ислоҳоти милитсия мебошад ва дар рафти пайдо намудани донишҳои нав дар амалишавии ислоҳоти милитсия кӯмак расонда, саҳми сазовори худро дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар пешгирии ҳаракату ҳизбҳои экстремистиву динӣ, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми худро мегузорад.
Убайдуллоев Ш., Сафарова С.