Баргузории машкҳои тактикӣ курсантони Академия
Сарфармондеҳи олии Қуваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ба масъалаи тақвияти ҳарбию ҷисмонии сохторҳои қудратӣ таваҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ҳамин асос бо ташабусҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи Вазорати корҳои дохилӣ марказҳои омȳзиши ва тактикӣ фаъолият мебарад. Дар асоси супориши Роҳбарияти ВКД таҳти роҳбарии бевоситаи сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва муовини сардори Академия оида ба низом полковники милитсия Ализода Алиҷон курсантони курси чоруми факултети №2 Академияи ВКД барои гузаронидани машқҳои тактикии саҳроӣ ба маркази тактикии ВКД воқеъ дар дараи Мағоб сафарбар гардиданд.
Мақсад аз гузаронидани машқҳо ин сайқал додани малакаи ҳабию ҷисмонии курсантон дар шароити куҳсор ва безарар гардониданӣ гуруҳои эҳтимолии ҷинояткорони муташшакил мебошад. Доир ба масъалаи мазкур дар Академия қисми назарявии он ташкилӣ тактикаи махсус ба курсантон омȳзонида мешавад. Бори нахуст нест, ки бо супориши роҳбариятӣ ВКД ва ташабуси бевосиати сардори Академия дарсҳои амалӣ дар ин маркази омȳзиши тактикии Мағоб гузаронида мешавад. Машқҳои мазкур бо дастгирии методии дастаи таъиноти махсуси милитсия баргузор гардида, ба курсантон оиди хизмат дар шароитҳои махсус дастурдиҳи гузаронида шуд. Ҳамчунин аз ҷониби омȳзгорони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академия озмоишҳои криминалистӣ бо таҷҳизоти нави техникӣ дар ҷойҳои эҳтимолии содиршавии ҷиноят гузаронида шуда, лоиҳаи хулосаи экспертӣ ба роҳбариятӣ машқҳои тактикӣ пешниҳод гардид.
Рафти гузаронидани машқҳои тактики аз ҷониби роҳбариятӣ Академия назорат карда шуда, барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушшахас дода шуданд. Яке аз ҷиҳатҳои муҳим дар ин машқҳо истифода аз силоҳи оташфишон, қоидаҳои бехатарӣ ва тарзи дурусти истифодаи силоҳи оташфишон дар асоси қонун мебошад, чунки курсантон баъд аз хатм ҳатман ба ҷузъу томҳои ВКД сафарбар шуда, бояд малакаву маҳоратӣ баландӣ истифодаи силоҳ, дастгир кардан ва безарар гардониданӣ гурȳҳои эҳтимолии ҷинояткоронро дар худ бояд тарбия намоянд.
Рафти машқҳои тактикӣ ба навор гирифта шуда, ҳаногоми гузаронидани дарсҳои хизматӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.