Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳ ба сӯйи илм

Рӯзи 27-уми сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Санкт-Петербург маросими ботантанаи хатми адъюнктони шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи ин Донишгоҳ баргузор гардид. Ба 22 адъюнкт диплом оид ба гирифтани тахассуси «Тадқиқотчӣ. Омӯзгор-тадқиқотчӣ» супорида шуданд. 

IMG 4042

Дар ҷараёни маросим сардори Донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори политсия Александр Владимирович Травников дипломҳоро супорида, қайд намуд, ки гирифтани диплом маънои оғоз намудани роҳ ба сӯйи илм мебошад ва хатмкунандагон фаъолияти худро дар соҳаи илм ва таълим бо шаъну шараф идома хоҳанд дод. Ҳамчунин, барои ба итмом расидани хониш дар ин Донишгоҳи бонуфуз адъюнктонро сардори адъюнктура, полковники милитсия К.М.Сарсенов ва профессорону омӯзгорони кафедраҳо низ табрик намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими мазкур ҳамчунин, намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2, капитани милитсия Абдуллоев А.А., омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, капитани милитсия Музафаров С.З. ва ходими илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр, лейтенанти калони милитсия Баҳромзода Б. иштирок намуда, ҳамчун хатмкунандагони адъюнктураи Донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Санкт-Петербург соҳиби дипломҳои «Тадқиқотчӣ. Омӯзгор-тадқиқотчӣ» гардиданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо ва дар иҷрои рисолати наҷиб – тарбияи наслҳои созандаю бунёдкор барору комёбиҳо таманно дорад.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...