Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти таҳқиқ ва тафтишот

BCD 4483Аз санаи 11-уми сентябр то 10-уми октябри соли 2019, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони самти фаъолияти таҳқиқ ва тафтишот ба машғулияти дарсӣ фаро гирифта буданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, барои гузаронидани дарсҳо дар курси такмили ихтисос мутахассисони варзидаи соҳа дар ин самт ҷалб карда шуданд.
Рӯзи 10-уми октябри соли 2019 бо иштироки муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. маросими тантанавии супоридани сертификатҳо ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.
Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А зимни супоридани сертификат хатмкунандагонро бо ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо дар кори амалӣ комёбиҳо таманно намуд.

000 8376
Ҳалимзода Д.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...