Конститутсия қонуни асосӣ ва баёнгари ҷомеаи демократӣ
Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимгару роҳбаланди пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеаи имрӯзаи мо буда, дар рушди устувору инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми аразанда мегузорад.
Имсол аз қабул гардидани ин санади сарнавиштсоз 25 сол пур мешавад. Ҳамагон хуб огоҳанд, ки ин санади олии ҳуқуқӣ 6-уми ноябри соли 1994, дар шароити хеле вазнини ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ кабул гардид. Ҳамаи он тағйироту иловаҳо, ки то ба ин рӯз ба Конститутсия ворид карда шудааст, аз марҳилаи навбатии пешрафтаву тараққиёти ҷомеаи имрӯзаи мо гувоҳӣ медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дигар Конститутсияҳои давлатҳои демократӣ Конститутсияи устувори ҷомеаи демократӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ эътироф карда шудааст. Баҳри боз ҳам беҳтару хубтар гардидани зиндагии мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳарчи бештар сатҳи зиндагии ҷомеаи имрӯзаи мо баланд шавад ва устувор гардад.
Муҳимтарин аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Қонуни асосӣ ҳамчун доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ-ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.
Конститутсияи Тоҷикистон паёми рӯҳи бе шикасту озодипарасти миллати тоҷик ба мардумони дунёст, ки аз истиқлолияти давлатии мо бозгӯӣ мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастуру кори зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати муттамадини тоҷик аст.
Аз рукунҳои муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ принсипи конститутсионии гуногунандешаи сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад гуногунандешаи сиёсӣ ва мафкуравӣ аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд.
Имрӯз он тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда мешаванд, меъёрҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҷомеаи демократиро мукаммал мегардонад. Дар ҳама давлатҳои хурду бузурги мутараққӣ Конститутсия қонуни асосии давлат, муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти хокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ ва муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад.
Конститутсия, ҳамчунин муайянкунандаи тартиботи ҳуқуқӣ, муҳимтарин омили кафолати сулҳу осоиштагии сокинони мамлакат буда, бунёди давлатӣ демократӣ ва дунявии Тоҷикистон ба ҳамин заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ такя мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози хар як миллат аст.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифйӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалкӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатхои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон ниҳоят зиёд аст. Инак Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.
Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд.
Муроди Б., сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти милитсия.