Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Рӯзи 8-уми октябри соли ҷорӣ аз ҷониби кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъала ва рушди қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 000 8032

Бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. баромад намуда, қайд кард, ки пайки истиқлол барои миллати тоҷик дарҳои навро дар шинохт ва таҳкими илми ҳуқуқшиносӣ, аз он ҷумла, самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боз кард ва самараи истиқлол буд, ки мутахассисон ва олимони ватанӣ дар роҳи шинохт, такмил, таҳқиқ, татбиқи қувва, восита ва усулҳои махсуси фаъолияти мазкур корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд. Бинобар ин, дастовардҳое, ки ҳоло дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ имрӯз вуҷуд доранд, ниҳоӣ набуда, балки заминаи асосӣ барои инкишоф дар оянда буда метавонад. Зеро ин самт барои воридсозии чораҳои пешқадами оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешравӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ низ нигаронида шудааст.

000 8038

Дар конференсияи илмӣ-амалии мазкур кормандони амалии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳайати профессорону омӯзгорони факултети №6 ва курсантони курси 3-юми факултети №6 иштирок намуданд.
Дар рафти конференсия масъалаҳо вобаста ба амалигардонии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ, хусусиятҳои гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, масъалаҳои ҷойдошта ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди «таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ» ва «харидории санҷиши оперативӣ», ҷустуҷӯи ҷинояткорон, инчунин, тактика гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Аҳтамшозода С.А., Муродов Ф.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...