Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 4-уми октябри соли 2019, озмуни Акдемиявии «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», байни курсантони факултетҳои №2 ва №6 гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз се давр иборат буд, ки дар рафти он курсантон фаъолона иштирок намуда аз худ маҳорату малакаи баланд ва дониши хубу аъло нишон доданд
Дар натиҷаи озмун курсантони лаёқатманди зерини факултетҳои 2 ва 6 ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд:
- курсанти курси 5 факултети №2, Ҳакизод Сино Муҳаббатулло ҷойи аввал;
- курсанти курси 4 факултети №2, Бобоева Шаҳзода Мирзораҷабовна ҷойи дуюм;
- курсанти курси 3 факултети №6, Абдуллоев Хуршедҷон Шуҳратович ҷойи сеюм.
Барои ишғол намудани ҷойҳои намоён ба курсантони зикргардаида аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД туҳфаҳои хотирмон пешниҳод гардид.
Сафарова С.Н., Аҳтамшозода С.А., Убайдуллоев Ш.