Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Шелтсов Николай Михайлович ба Академияи ВКД

BCD 4145

Рӯзи 5-уми октябри соли равон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шелтсов Николай Михайлович, собиқ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, ки аз солҳои 1988 то соли 1991 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст, ташриф овард.
Дар саҳни Академияи ВКД меҳмононро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-маойри милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, муовинони сардори Академияи ВКД ва горди фахрӣ бо нону намак истиқбол намуданд. Ба онҳо платс-консерт бо иштироки курсант-духтарон ва оркестри нафасӣ намоиш дода шуд, ки писанди меҳмонон гардид.
Меҳмонон аз дастовардҳои Академияи ВКД, толорҳои он, факултетҳо, синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, ба раванди таълим шиносоӣ пайдо карданд. Ба меҳмонон махсусан тарҳи меъмории бинои Академияи ВКД, интизоми иҷроияи афсарону курсантони ин боргоҳи маърифат хеле писанд омад.
Шелтсов Николай Михайлович ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона изҳор миннатдорӣ намуд.
BCD 4119BCD 4133BCD 4162BCD 4164BCD 4193BCD 4260Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...