Дастоварди илмии олими Академияи ВКД
Дар Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Россия шурӯъ аз моҳи май то моҳи сентябри соли 2019 озмуни байналмилалӣ таҳти унвони “Китоби илмӣ” баргузор гардид.
Соли ҷорӣ дар озмун 111 корҳои илмӣ аз 55 муассисаи илмӣ ва таълимӣ, чӣ аз дохили Федератсияи Россия ва чӣ аз хориҷи он пешниҳод гардиданд. Комиссияи экспертӣ, ки аъзоёни он олимони барҷастаю шинохтаи муассисаҳои илмӣ ва таълимии ВКД Россия, ба монанди Академияи идоракунии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Москва ба номи В.Я. Кикот, Донишкадаи умумироссиягии такмили ихтисоси ВКД Россия, Донишкадаи умумироссиягии илмӣ-тадқиқотии ВКД Россия буданд, 21 номгӯи корҳои илмии беҳтаринро муайян намуданд, ки дар миёни онҳо дастоварди илмии олими мо низ қарор дошт.
Боиси сарфарозист, ки санаи 4-уми октябри соли 2019 дар номинатсияи “Беҳтарин китоб дар самти мурофиаи ҷиноятӣ” бо корҳои илмии “Теоретическая модель уголовно-процессуального законодательства Республики Таджикистан: монография. – Душанбе: Эр-Граф, 2019. – 236 с.”, бо ишғоли ҷойи дуюм дар номинатсияи “Беҳтарин китоб дар самти идоракунии давлатӣ” бо ишғоли ҷойи сеюм бо кори илмии “Библиография по уголовно-правовому профилю подготовки кадров. – Душанбе: Эр-Граф, 2019. – 304 с.”, сардори шуъбаи адъюнктура, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. сазовор гардид.
Ин дастоварди навбатӣ дар самти корҳои илмӣ боиси ифтихору сарбаландии кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад.
Шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон