Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат

280Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқи меҳнатдӯст Эмомалӣ Раҳмон бори аввал интихоб шуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд, ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуда, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гуруҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншинӣ буд, ки оқибат ба ҷангӣ гражданӣ оварда расонида буд. Ҷанги бемаънии бародаркуше, ки дар Тоҷикистон бо «фаъолият»-и ифротгароёни дохилӣ ва дахолати неруҳои иртиҷоии хориҷӣ ба вуқуъ пайваст, ба ҷуз талафоти андуҳовари ҷонӣ ба кишвари азияткашидаи мо зарари моддӣ расонид. Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Бисёри ҳамватанони мо беватан гардида, хонаву дари онҳо валангору яксон шудаву ҳазорон нафар кудакону наврасон ятим монданд, қариб як миллион нафар хонаву манзили худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шуданд. Ин ҳама дасисабозиҳо маҳсули дасти хоҷагони беруна буд, ки тавонистанд мардуми тоҷикро душман ва қотили ҳамдигар созанд, то аз ин миллати куҳанбунёд дар масири таърихи башарӣ нишонае боқӣ намонад.
Хушбахтона, дар ҳамон вазъияти басо сангин роҳбари ҷавони чиҳилсола бо дарки масъулият ва рисолати таърихии худ дар ин марҳилаи сарнавиштсоз бо камоли шуҷоату ҷавонмардӣ ва эътимоди комил ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.
Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокорона ва аз сидқи дил заҳмат мекашанд.
Ҳамагон хуб медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаставу эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз доштанд, ки он кас барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳанд кард. Бале, он кас яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоату далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд. Мардуми сулҳхоҳи мо барҳақ бо Пешвои миллат, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.
Дар тӯли қариб 30 сол Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари давлат кишварамон рушд ёфта, симояш дигаргун шуд, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон сохтмони иншоотҳо таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард, беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ, дар ин замина таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст.
Қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд.
Мо, устодону шогирдони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ меҳрубонию самимият дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кору фаъолият намуда, минбаъд баҳри шукуфоии мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош меварзем.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...