Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Замоне кори фаврӣ дар амал ҷиддӣ намоён гашт,

Гуруҳи муташаккили ҷиноятгар перешон гашт.

Агар ноошкору ноаён ҷурме шавад содир,

Фузун тарзу усули кори пинҳонӣ дучандон гашт.

Ниҳонӣ

278Бо дастуру супоришоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Р. бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши курсантон дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чорабиниҳои гуногуни таълимиву озмунҳо дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, рӯзи 4-уми октябр дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ чорабинии хотирмон – мизи мудаввар бахшида ба рӯзи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуд. Ҳадаф аз ташкили мизи мудаввар ин шиносоии кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ, ки нав ба хизмат оғоз кардаанд аз самти фаъолияти оперативӣ буд.
Сараввал, сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ. дар назди ҳозирин баромад карда, дар бораи китоби тозанашри «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Р. ба шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ маълумот дод.
279Дар мизи мудаввар яке аз кормандони озмудаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки солҳои зиёд фаъолият карда, имрӯз бо таълиму тарбияи насли ҷавони милитсия машғул ҳастанд, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ полковники милитсия Раҳимзода Рустам ширкат варзида, дар бораи нозукиҳои ин самти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ маълумоти муфассал дод. Маърӯза бештар самтҳои амалии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки корманд дар онҳо бевосита ширкат варзида буд, дарбар мегирифт.
Дар раванди мизи мудаввар дар байни иштирокчиён саволу ҷавобҳо оғоз шуда, то дер идома ёфт.
Ҳасанзода Ҷ., сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...