Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши омодагии ҷисмонии курсантон дар Академияи ВКД

275

Баҳри тарғиби ҳаёти солим, баланд бардоштани малакаи омодабошии курсантон тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 3-юми октябри соли равон субҳи барвақт ҳолати омодабошии ҷисмонии курсантони курси якуми факултетҳои рақамҳои 2, 5 ва 6-и Академияи ВКД аз ҷониби мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҷӯраев Ориф Олтинович дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти Академияи ВКД гузаронида шуд.
Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки курсантон барои гузаронидани машқҳои пагоҳирȳзи сари вақт бо либоси варзишӣ ҳозир гардида, аз худ дар самти омодагии ҷисмонӣ фаъолияти баланд нишон доданд.

276

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ва нақшаҳои муштараки Академияи ВКД чунин озмоишҳо ба таври мунтазам ва фосилавӣ дар курсҳои факултетҳои Академия гузаронида шуда, боиси баланд гардидани вазъи ҷисмонӣ ва саломатии курсантон мегардад.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...