Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони Академияи ВКД аъзои Китобхона гардиданд

273

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати касбӣ, фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин замина ҳайати шахсӣ, шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД пайваста ба тамошои театру филмномаҳо ҷалб карда мешаванд.
Ҳамчунин миёни ҳайати шахсӣ озмуну санҷишҳо вобаста ба хондани китобҳои бадеӣ ва илмӣ ба роҳ монда шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар робита ба ин санаи 3-юми октябри соли 2019 ҳайати професорону омȳзгорони Академияи ВКД ба таври дастаҷамъона ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, барои минбаъд бемонеа истифода намудан аз осори бадеиву илмии Китобхонаи мазкур аъзои китобхона гардиданд.
Аз ин пас, омȳзгорони Академияи ВКД дар вақтҳои барои худ мувофиқ ба Китобхонаи миллӣ ҳозир гардида, баҳри баланд бардоштани донишу малакаи худ метавонанд аз осори китобхонаи мазкур самаранок истифода намоянд.

274

Роҳбариятӣ Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аъзо гардидани омȳзгорон ва курсантони Академияи ВКД изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур доданд, ки дар воқеъ омȳзгорону курсантони Академия яке аз хонандагони фаъоли Китобхонаи мазкур буда, аз толорҳои хониши он самаранок ва бо маданияти баланд истифода бурда, натиҷаҳои омȳзиш ва хониши худро дар матбуоти даврӣ ва соҳавӣ дарҷ мегардонанд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдулоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...