Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Аз рӯи нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 - юми октябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи факултети мазкур бо ҳайати устодон ва курсантони факултет мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабиниро сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. оғоз бахшида, қайд намуд, ки мо бояд забони тоҷикиро эҳтиёт намуда, ҳисси худшиносиву ифтихори миллиро дар рӯҳу вуҷудамон ҳар чӣ беҳтар парвариш диҳем ва дар хусуси зарурияти ба забони давлатӣ табдил додани забони тоҷикӣ суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ устодони факултет номзади илмҳои фалсафа полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ. ва номзади илмҳои филологӣ майори милитсия Ҷабборова М.Т. иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули хат, аҳамияти забони тоҷикӣ ҳамчун забони нобу пуриқтидор, ки дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат дорад ва осори ниёгони мо аз ҷониби аҳли илму фарҳанги хориҷи кишвар эътироф ва пазируфта шудааст, ҳарф заданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ аз тарафи устодони факултет ва курсантон маҳфили шеъру тарона баргузор гардида, видео-слайдҳо нишон дода шуд.
Дар охир сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён ва ташкилкунандагони он миннатдорӣ изҳор намуд.
Абдуллозода Ф., сардори кабинети кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ лейтенанти калони милитсия.