Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нигоҳе ба фарҳанги ниёгон

«Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест».

Эмомалӣ Раҳмон

269

Бо мақсади баланд бардоштани савияи фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ барои шиносоӣ бо Осорхонаи вилоятӣ ташкил карда шуд.

Ҳайати курсҳои тайёрии ибтидоӣ бо омӯзгорони мутасаддӣ ба Осорхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд омаданд. Онҳоро аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматов Алиҷон истиқбол намуда, доир ба таърихи ташкилшавии Осорхонаи мазкур ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин бинои муҳташам, маълумот дод.
Зимни шиносоӣ шунавандагон аз толорҳои даврони қадим доир ба зисту зиндагонии одамони ҷомеаи ибтидоӣ, ёдгориҳои қадимаи таърихӣ, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дарёфт шудаанд, аз толори лашкаркашиҳои Искандари мақдунӣ, толори тамаддуни ориёӣ, толори таъриху тамаддуни ориёӣ, корнамоиҳои Темурмалик бар зидди истилогарони муғул ва толори дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти ғанӣ гирифтанд.
Чунин тарзи шиносоӣ бо Осорхонаи вилоятӣ ба шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ имконият фароҳам овард, ки дар онҳо руҳияи ифтихори миллӣ, садоқатмандӣ, гиромидошти волоияти қонун ва эҳтироми фарҳанги ниёгон бештар ташаккул ёбад.

270

Минбаъд низ корҳои равшаннамоиву тарбиявӣ нисбати шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ идома хоҳад ёфт.
Абдулатифов У.Ҳ., сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...