Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Алоқамандии илми криминалистика бо илми ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ

Алоқамандии илми криминалистика бо илми мурофиаи ҷиноятӣ яке аз намудҳои баамалбарории ҳокимияти давлатӣ буда, хусусияти он ба вазифаи махсусе, ки аз доираи мубориза алайҳи ҷиноят бармеояд, бо илми криминалистика вобастагии амалӣ дорад.

Ин алоқамандӣ бо воситаҳои меъёрҳои ҳуқуқии мурофиавӣ – ҷиноятӣ ба танзим дароварда шуда, аз лаҳзаи гирифтани маълумот дар бораи ҷиноят ва тамоми ҷараёни мурофиаи парвандаи ҷиноятӣ сурат мегирад.
Фаъолияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ин маҷмӯи ҳаракатҳои ҷудогона буда, «силсилаи як занҷир» тартиби ба ҳам алоқаманд ва пай дар пай гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ мебошад, (оғози парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани ҳаракатҳои тафтишӣ оид ба ҷамъ намудани далелҳо, ба ҷавобгарӣ кашидани шахс ба сифати айбдоршаванда, пурсиши айбдоршаванда).
Ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ, баррасии парванда дар суд ва ҳатто баъди баровардани ҳукм дар ҳаракатҳои мурофиаи ҷиноятӣ, ки дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои ҳуқуқӣ иҷро мегарданд, шаҳрвандон (айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳид, шахсони холис ва дигарон) намояндагони ташкилотҳо иштирок мекунанд.
Ҳамин тавр, алоқамандии илми криминалистика мурофиаи ҷиноятӣ ин маҷмӯи муносибатҳо байни ҳамдигарии мақомоти давлатие, ки маъсули бурдани парвандаи ҷиноятианд, бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва дигар иштирокчиён ҳангоми иҷрои вазифаҳои мурофиаи судӣ-ҷиноятӣ мебошад, ки дар қонуниятҳои криминалистика ва қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ муқаррар гардида, бо принсипи демократӣ асоснок шуданд.

Барои муайян намудани мазмуни алоқамандии илми криминалистика бо мурофиаи ҷиноятӣ тавсияи вазифаҳои он аҳамияти муҳим дорад. Ҳангоми таҳлили он муайян кардан мушкилоте надорад, ки қонунгузор дар алоқамандии илми криминалистика бо илми мурофиаи ҷиноятӣ вазифаи мурофиавӣ-ҷиноятиро тавсия намуда, вайро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст:

Ба гурӯҳи якум дохил мешаванд:
- зуд ва пурра ошкор кардани ҷиноятҳо бо истифодаи қонуниятҳои криминалистика ва воситаҳои криминалистикӣ (муайян кардани ҷиноят ва шахси онро содиркарда);
- фош намудани гунаҳгорон (ба даст овардани далелҳои кофӣ ва шайъӣ барои хулоса баровардан оид ба гунаҳгор ва ё бегуноҳ будани шахс);
- таъмини дурусти тадбиқ карда шудани қонунҳои ҷиноятӣ;
- таъин кардани ҷазои одилона нисбати гунаҳкор ва ё озод кардани вай аз ҷазо дар ҳолатҳои қонун пешбинӣ карда шуда;
- мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;
- пешгирӣ ва решакан кардани ҷиноят;
- муҳофизати манфиати ҷамъият; ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон;
- тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эътироф намудан ва риоя намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва ҳурмат кардани қонунҳои зидди ҷамъиятӣ (қисми 2 моддаи 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Баробари қабул карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 зарурати аниқ намудани алоқамандии илми криминалистика бо илми мурофиаи ҷиноятӣ ба миён омад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодии шахсро муқаддас шуморидааст, ки он аз қонунҳои байналмилалии эътироф намуда, бармеояд. Бечунучаро ин вазифаро дар доираи мурофиаи ҷиноятӣ, судӣ ба зиммаи ҳокимияти судӣ, прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст. Дар ин ҷумла дар мурофиаи ҷиноятӣ мақомоти корҳои дохилӣ, дар симои муфаттишон ва мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, ҷои муҳимро дорад.
Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мутобиқи қисми 3 моддаи 183 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи таҳқиқбаранда ё муфаттиш дар ҳолати пешбурди тафтишоти пешакӣ ё таҳқиқ ҳангоми азназаргузаронӣ андозагирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз ба навори видео гирифтан, нақшакашӣ ва тарҳрезӣ анҷом дода мешавад.

Қолаб ва нусхаи изу пайҳо бо воситаҳои техникӣ криминалистӣ дарёфт намуда зикр карда гирифта мешавад. Ин яке аз алоқамандии илми криминалистика бо илми амалии ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.
Мутобиқи моддаи 186 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфаттиш дар ҳолати гузаронидани шаҳодаткунонӣ бо техникаҳои криминалистӣ азназаргузаронии шахси зинда истифода мебарад. Ин яке аз алоқамандии илми криминалистика бо илми ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.

268

Мутобиқи моддаи 188 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ гузаронидани озмоиши тафтишотӣ, моддаҳои 190-194 кофтуков, моддаҳои 197-203 пурсиш, моддаи 204 рӯбарӯкунӣ, моддаи 205 нишон додан барои шинохтан, моддаи 207 санҷиши нишондод дар ҷойи ҳодиса аз тарафи муфаттиш бо ёрии мутахассиси соҳаи криминалистика техника ва воситаҳои криминалистика истифода бурда мешавад. Ин алоқамандии илми криминалистика бо илми мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.
Аз ин ба хулоса омадан мумкин, ки илми криминалистика бевосита барои тафтишоти ҷиноятҳо ва гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ дар асоси қонуниятҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ карда мешавад ва бо мурофиаи ҷиноятӣ алоқаманд мебошад.
Аҳмадзода Х.З., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД, сержанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...