Машғулияти амалӣ дар курси тайёрии ибтидоӣ
Алоқамандии назария бо амалия яке аз унсурҳои омодасозии мутахассисони мақомоти корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳамарӯза роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати аввалин дараҷа медиҳанд.
Дар раванди такмили донишҳои назариявии кормандони ҳайати қаторӣ иҷрои нақшаи гузаронидани машғулиятҳо дарси навбатии амалиро аз фанни тайёрии оташфишонӣ роҷеъ ба мавзӯи «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва ҳолномаи ҷангии автомати Калашникови мукаммалшуда» дар синфхонаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд.
Дар раванди гузаронидани машғулияти амалӣ устоди кафедраи ҳарбӣ-хизматӣ полковники милитсия Собиров И.Ғ., доир ба мавзӯъ, мӯҳтаво ба таъинот, сохт ва қисмҳои асосӣ, маълумоти техникӣ, ҳолномаи ҷангӣ, тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, тарзи тирпарронӣ аз силоҳи пурқуввати оташфишонӣ автомати Калашников ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти истифодаи ин намуди силоҳ ба шунавандагон пурра фаҳмонида доданд. Ҳамзамон дар ин машғулият шунавандагон аз наздик бо тарзи кори ҳар як қисмҳои силоҳи пуриқтидори автоматӣ ва тартиби нигоҳдории он дар ҷойҳои муайяншуда шинос шуданд.
Ташкил ва гузаронидани ин машғулият ба шунавандагон хотирмон гардид, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ доир ба омӯхтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ва истифодаи силоҳи оташфишон ҳамчун чораи ниҳоӣ аз ҷониби кормандони милитсия мутобиқи моддаи 15 Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва инчунин бо шарт ва доираҳои қонун муқаррар намуда ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Ҷабборов Т.М., муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, факултети №4 Академияи ВКД, лейтенанти милитсия