Ҷамъбасти озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
Сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар як кишвару миллат, махсусан барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз самтҳои асосии соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад, ки он ба соҳаи мустақили ҳуқуқ табдил ёфтааст ва ба ин ҳайс шинохта шуда, дорои заминаи пурраи ҳуқуқӣ гардидааст ва дар шуъбаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ ва махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта мешавад.
Бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» озмун ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, дар ин озмун ҳамаи курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон бо як масъулияти баланди ватандустӣ иштирок намуданд. Дар ҳар як курси факултет вобаста ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба тариқи саволномаҳои тестӣ 101 нафар ғолибони даври аввал муайян гардид. Дар давраи дуюм бо тариқи шифоҳӣ 57 нафар курсантони беҳтарин ва лаёқатмандон пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа аз марҳилаи дуюм аз 57 нафар иштирокчиён 12 нафар ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд.
Натиҷаи озмуни мазкур миёни курсҳои 2, 3, 4 ва 5 факултети №4 чунин сурат гирифт:
Дар курси 2-юм аз фанни низоми махфӣ:
Ҷои аввал Каримова М. (гурӯҳи 204) -39 хол;
Ҷои дуюм Насризода А. (гурӯҳи 203)-38 хол;
Ҷои сеюм Ҳоҷибоев Д. (гурӯҳи 203)- 37 хол;
Дар курси 3-юм аз фанни низоми махфӣ:
Ҷои аввал Давлатова Ш. (гурӯҳи 302) -43 хол;
Ҷои дуюм Мусоев М. (гурӯҳи 303)-32 хол;
Ҷои сеюм Шукурзода М. (гурӯҳи 301)- 24 хол;
Дар курси 4-ум аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ:
Ҷои аввал Нуруллоев М. (гурӯҳи 403) -62 хол;
Ҷои дуюм Маллаев А. (гурӯҳи 402)-52 хол;
Ҷои сеюм Валиев Ф. (гурӯҳи 403)- 50 хол;
Дар курси 5-ум аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ:
Ҷои аввал Давлатзода М. (гурӯҳи 502)-83 хол;
Ҷои дуюм Ҳакимов А. (гурӯҳи 503)-70 хол;
Ҷои сеюм Раҳимов Р. (гурӯҳи 501)-64 хол ба ҷойҳои зерин сазовор гардиданд.
Дар ҳамин давраи аввали озмун дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расида, ба ғолибони озмун Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия.