Раванди даври дуюми озмуни «Курсанти беҳтарин дар самти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ»
Сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар як кишвару миллат, махсусан барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз самтҳои асосии соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад, ки он ба соҳаи мустақили ҳуқуқ табдил ёфтааст ва ба ин ҳайс шинохта шуда, дорои заминаи пурраи ҳуқуқӣ гардидааст ва дар шуъбаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои Олӣ ва махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта мешавад.
Бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» озмун ташкил карда шуд.
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, баланд намудани сатҳи касбии курсантон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бинобар ин дар озмун ҳамаи курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд. Дар ҳар як курси факултет вобаста ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба тариқи саволномаҳои тестӣ 101 нафар ғолибони даври аввал муайян гардид. Айни замон давраи дуюми озмун оғоз гардида, саволу ҷавоб ва муайян намудани ҷаҳонбинии курсантон, бо тариқи шифоҳӣ, ҷараён дорад, ки дар ин давр 57 нафар курсантони беҳтарин ва лаёқатманд иштирок карда истодаанд.
Аз натиҷаи озмун иловатан хабар дода мешавад.
Муҳиддинзода С., сардори кабинети кафедраи ФОҶ факултети №4, лейтенанти калони милитсия.