Талаботи қонунгузорӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд амалӣ мешавад
Санаи 28 сентябри соли 2019 бо иштироки муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. ва муовини сардори Академия оид ба ҳайати шахсӣ полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. дар маҷлисгоҳи факултети №3 маҷлиси навбатии падару модарони курсантони курсҳои 2 ва 3 факултети №6 баргузор гардид.
Маҷлисро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. ҳусни оғоз бахшида, дар партави Паёму ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, натиҷаи татбиқи онро ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, сардори факултети №6, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М. оид ба риояи интизоми хизматӣ, пӯшидани сару либоси низомӣ, симои зоҳирӣ, иштирок дар дарсҳо, супоридани маблағи шартнома, гирандагони стипендияи Вазири корҳои дохилӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» маълумот дод.
Дар рафти ҷаласа ба падару модарон давомоти курсантон аз ҷониби қисми таълимии факултети №6 супорида шуда, таҳлили он баргузор гардид.
Дар фарҷом волидайн аз баргузории чунин маҷлис ба роҳбарияти Академия изҳори миннатдорӣ намуданд.
Асламов Б.,
Муродов Ф.,
Убайдуллоев Ш.