Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия дар партави ислоҳоти милитсия

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2019 аз тарафи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Амали қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ислоҳоти милитсия: проблема ва дурнамои он» бо иштироки намояндагони васеи кормандони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Точикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия баргузор гардид. 

000 6838

Кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. оғоз намуда, ба ҳайси модератор кори онро пеш бурд.
Дар конференсия мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аланазарзода Шароф, сардори шуъбаи илмӣ-ташкилӣ ва табъу нашри Академияи н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қодиров Ҷурабек Шарофович, судяи суди шаҳри Турсунзода Муқими Анис, муаллими калони кафедраи фанҳои ҳуқуқи давлатии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, майори милитсия Ғафурзода Д.А. ва омӯзгорону курсантони Академия ширкат намуданд.
000 6847

Дар мавзӯи «Андешаҳо перомуни консепсияи замонавии такмили Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович, дар мавзӯи «Талаботи қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зимни баррасии судии парвандаҳо» судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аланазарзода Шароф, дар мавзӯи «Баъзе масоили татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазои маъмурӣ» муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қодиров Ҷурабек Шарофович, дар мавзӯи «Баррасии судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» судяи суди шаҳри Турсунзода Муқими анис, дар мавзӯи «Баъзе проблемаҳои ҳуқуқ ба адолати судӣ аз рӯи парвандаҳое, ки бо зӯроварӣ дар оила алоқаманданд» муаллими калони кафедраи фанҳои ҳуқуқи давлатии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич, дар мавзӯи «Хусусиятҳои ҷавобгарии маъмурии солҳои 1924 -1929» муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, майори милитсия Ғафурзода Д.А. баромад намуданд.
Кори конференсия бо кабули тавсияҳои илмӣ ба анҷом расид.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Шарифзода П.Р.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...