Оғози озмуни «Курсанти беҳтарин дар самти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ»
Ташкили озмунҳои гуногуни илмӣ-маърифатӣ байни курсантони Академияи ВКД аз методҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад, ки метавонад барои сайқали дониши амалӣ - назариявии таълимгирандагон таъсири мусбӣ гузорад.
Амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки бомуваффақият амалигардании он, аз мукаммал ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир будани кормандони ҷавон дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сахт вобастагӣ дорад.
Бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» озмун ташкил карда шуд.
Санаи 27-уми сентябри соли 2019 давраи якуми озмуни «Курсанти беҳтарин дар самти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» дар байни курсантони курсҳои 2, 3, 4 ва 5 аз фанҳои низоми махфӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултети №4 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А. ифтитоҳ намуда, дар баробари тавзеҳи ҳадафи озмун инчунин бо шартҳои озмун курсантонро шинос намуда, ба иштирокчиён барору ғолибият таманно намуд.
Раванди озмуни номбурда давом дошта, аз натиҷаи он иловатан иттилоъ дода мешавад.
Муҳиддинзода С., сардори кабинети кафедраи ФОҶ факултети №4, лейтенанти калони милитсия.