Илмат ба амал чу ёр гардад...
Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақша - чорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шунавандагони курси 2-юми роҳбарикунандаи факултети №1 Академияи мазкур бо курсантони соли сеюми таҳсил дар арафаи иди касбии кормандони оперативӣ бо мақсади ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир, дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ сардори Факултети №1, н.и.ҳ., полковники милитсия Назиров Н.А. кушода эълон намуда курсантонро ба илмомӯзӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва иҷрои амалҳои солеҳ ва ҳамида ба нафъи Ватан-Модар ҳидоят намуд.
Дар рафти вохӯрӣ муаллими калони кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Файзалӣ Қосимов дар хусуси “Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шунавандагони соли сеюми факултети №1, майори милитсия Насриддинзода Фирӯз, оид ба Раёсати чорабиниҳои оперативӣ-техникӣ ва нақши он дар ошкорсозии ҷиноят, подполковники милитсия Фирдавс Нурализода дар бораи ҷиноятҳои муташаккил, майори милитсия Шариф Мирзоев, дар бораи ошкорсозии ҷиноят оид ба маводи мухаддир, подполковники милитсия Сайҳомид Набизода аз фаъолияти амалии худ бо мисолҳои мушахас баромад намуданд.
Баъдан курсантон ба шунавандагон доир ба мавзӯҳои гуногуни самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ суолҳо дода, ҷавобҳои мушахас гирифтанд.
Муовини сардори факултети №2, н.и.ҳ., подполковники милитсия Хайров Ф. барои вохурии судманд изҳори сипос намуда, қайд доштанд, ки чунин ҷамъомадҳо барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии курсантон дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат менамояд.
Ороста Баротова, сардори қисми таълимии факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия,
Асламов Б.С., ходими калони илмӣ.