Табрикот
Санаи 26-уми сентябри соли 2019 корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Валиев Навруз Дустмуродович тадқиқоти диссертатсиониро дар мавзӯи «Административно-правовое взаимодействие органов внутрених дел Республики Таджикистан с общественными объединениями» бо ихтисоси 12.00.14 – ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои ҳуқуқ дар Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш. Москва бомуваффақият ҳимоя намуд.
Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бомуваффақият ҳимоя намудани тадқиқоти диссертатсионӣ ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидани Валиев Навруз Дустмуродовичро бо самимияти беандоза муборакбод гуфта, музаффариятҳои беназирро хоҳонанд.
Расидан ба чунин як дараҷаи волои илмӣ пеш аз ҳама барои аҳли қалами ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Чунин арзёбии олимони мо беш аз пеш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки танҳо баҳри рушду равнақи миллату Ватан равона карда шудааст, бармеояд.
Шуъбаи адъюнктураи
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон