Ташрифи дӯстонаи намояндагони Донишгоҳи Шанхай ба Академияи ВКД
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан ба низоми таълимӣ, инчунин, хусусиятҳои ташкил намудани раванди таълим, инчунин, ҷиҳати пурқувват намудани ҳамкории дутарафа, санаи 26 сентябри с.2019 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхай (Ҷумҳурии Халқии Хитой) бо роҳбарии муовини Президенти Донишгоҳ, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқ ҷаноби Гуан Баоин ташриф оварданд.
Меҳмонон бо роҳбарони ҷузъу томҳои Академияи ВКД оид ба корҳои илмӣ-таълимӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҳузур доштанд: сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода, муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия З.А. Саидзода, муовини сардори Академияи ВКД оид ба кадрҳо, полковники милитсия А.Ҷ. Собирзода, сардори қисми таълимӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия А.Ш. Одиназода, сардори ШТИ ва ТН Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия А.М. Мансурзода.
Баъд аз он тарафҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Баъди итмоми вохурӣ меҳмонон бо инфраструктураи Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуданд. Меҳмонон ба баъзе синфхонаҳо, синфхонаҳои махсус, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тир, ҳамчунин дар рафти дарс ташриф оварданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр