Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хӯрда Савганд ба сад тантана бо номи Ватан

1

Дар маросими тантанавие, ки рӯзи 25-уми сентябр дар қисми низомии 6592-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, он курсантоне, ки дар соли хониши 2019-2020 ба Академияи ВКД дохил шудаанд, Савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.
Тавре дар ин чорабинии хотирмон, ки бо иштироки роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Академия ва волидони курсантон доир гардид, зикр карда шуд, маросими мазкур дар фазое мегузарад, ки аҳли ҷомеа аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ рӯҳбаланд гашта, баҳри бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд заҳмат кашида истодаанд.
3

7

Зимни суханронӣ дар ин чорабинии тантанавӣ сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар муроҷиат ба курсантоне, ки дар ин рӯз Савганди садоқат ба Ватан ёд карданд, иброз намуд, ки «Шумо - ҷавонон, насли хушбахтед, ки дар фазои тинҷу ором ба таҳсилу хизмат машғул гардида, аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ барои донишандӯзиатон имрӯзҳо тамоми шароитҳо муҳаё карда шудаанд. Бояд гуфт, хизмат дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ, ки Академия яке аз ҷузъҳои муҳимми он ба ҳисоб меравад, беҳтарин нишони садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳисоб меравад».
Дар идомаи суханронии худ мавсуф илова кард, ки «имрӯз хушбахтона бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармо буда, мардуми меҳнатқарини тоҷик баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд».
5

9

Бо ёдоварӣ аз шароитҳои муҳаёгаштаи таҳсил ва кору хизмат дар Академия, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода таъкид намуд, ки масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҷавонон ва мутобиқ ба замони муосир тайёр намудани кадрҳо дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ, махсусан Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад. Ҳамин аст, ки роҳбари аввали ВКД бо ташрифҳои пайвастаи худ ба ин даргоҳи илму маърифат кӯшиш мекунад тамоми шароитҳоро барои илмомӯзиву кор дар он фароҳам оварад.
Номбурда изҳор дошт, ки «дар ҷавоб ба ҳама он дастгириву ғамхориҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати Академия ва фароҳамсозии шароити кору хизмат ва таҳсил дар он анҷом дода шуда истодаанд, мо кӯшиш менамоем, ки кадрҳои ҷавобгӯ ба замони муосирро тайёр намуда, бо масъулияти баланд дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузорӣ намоем».
Баъди анҷом ёфтани қисмати Савгандёдкунии курсантон, чанде дигар аз меҳмонон, аз ҷумла волидони курсантони курси 1-ум дар муроҷиат ба ҷавонони савгандёдкарда зикр намуданд, ки «шумо аз зумраи ҷавонони хушбахтед, ки дар чунин фазои тантанавӣ Савганди садоқат ба Ватан ёд кардед. Кӯшиш кунед, ки ҷавобан ба он дастгириву ғамхориҳое, ки Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти ВКД ва Академияи он нисбати шумо зоҳир карда истодаанд, бо хониши аъло ва интизоми намунавӣ таҳсилро идома дода, дар оянда чун ҳомиёни тинҷиву амонии ҷомеа гардед».
Ҳамчунин, курсантони курси 1-ум бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба давлату Ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ аз номи ҳамсабақони худ ваъда доданд, ки ба Савганди ёднамудаи хеш то охир содиқ монда, бо хонишу дониши аъло ба халқу Ватан хизмат мекунанд.
4

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба як қатор кормандону омӯзгорон ва курсантони Академия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми ин чорабинии хотирмон барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Баҳром Ғафурӣ ва Тобиш Ҳилолӣ пешкаш гардида, барои курсантон дастархони идона ороста шуд.

У. ОЛИМ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...