Маросими Савгандёдкунии курсантони курси якуми факултети №4 Академияи ВКД
Рӯзи 23-юми сентябри соли 2019 дар саҳни факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маросими савгандёдкунии курсантони курси якум баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, собиқадорон, роҳбарияти факултет, ҳайати устодон ва волидайни курсантони курси якум, иштирок намуданд.
Сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло баромад намуда, меҳмононро барои ташрифашон ба ин боргоҳи таълимӣ хайрамақдам гуфт. Сипас тамоми курсантони навдохилшуда, ки давоми чил рӯз ҷамъомади таълимӣ-саҳроиро гузаштаанд, дар фазои тантанавӣ матни Савгандро қироат намуданд.
Маросими савгандёдкунӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз чорабиниҳои махсус маҳсуб ёфта, бо дастуру супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳангоми қабул шудан ба ҳайси корманди милитсия барои ҳар як номзад қабули ин ваъдаи тантанавӣ, яъне Савганд ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин маросимҳо бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда мешаванд.
Матни Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ 30 январи соли 1995 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №167 тасдиқ гардидааст.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ курсантонро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, ба дастовардҳои илмӣ-таълимии Академия, аз ҷумла муваффақияти курсантону олимони факултети мазкур ҳарф зад. Мавсуф зимни суханрониаш зикр намуд, ки рафти таълиму тарбия ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин муассисаи олии Вазорати корҳои дохилӣ таҳти диққати махсуси Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД қарор дорад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо суханронӣ намуда қайд кард, ки имрӯзҳо ин муассисаи олии кишвар аз ӯҳдаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар баромада истодааст. Танҳо ба ҷавонони босавод, руҳану ҷисман обутобёфта, қавииродаву ватандӯст, ки ба санҷишу талаботҳои Низомномаи адои хизмат дар ВКД ҷавобгӯ ҳастанд, муяссар мешавад, ки ба ҳайси курсанти Академия пазируфта шаванд.
Дар идомаи қисмати тантанавӣ якчанд нафар омӯзгорон ва курсантони курси якум, ки дар давоми ҷамъомадҳои таълимӣ-саҳроӣ фаъолона иштирок намуданд, бо туҳфаҳо ва Ифтихорномаҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуданд.
Дар қисмати дуввуми чорабинӣ аз ҷониби курсантони курси якум машқҳои тактикӣ, аз ҷумла сафороии низомӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳ, муҳорибаи тан ба тан, истифодаи воситаҳои махсус ва дигар усулҳои ҳарбӣ-низомӣ, ки онҳо дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ омӯхтаанд, намоиш дода шуд.
Инчунин бояд зикр кард, ки дар қисми бадеии ин чорабинӣ ҳунармандони шинохта Нодирабегим ва Элдарбек бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро шод намуданд.
Хонкилдиев А.Б., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.