Машқҳои назариявӣ ва амалӣ дар раванди ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ дар факултети №4
Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо хотирнишон намуданд, ки асоси муваффақиятро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Ватандӯстӣ бояд сифати ҷудоинопазир ва эҳсоси қалбии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад. Ҳар фарди тоҷик Ватани маҳбубамонро бояд бо қалби худ дӯст дорад.
Санаи 21-уми сентябри соли 2019 баҳри иҷроиши фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо ҳайати тағирёбандаи курси якуми факултети №4 машқи назариявӣ-амалии тирпарронӣ ташкил ва гузаронида шуд. Пеш аз оғози тирпарронӣ дар саҳни майдони сафороӣ аз ҷониби сардори факултети №4, полковники милитсия Насуриён П.А. ба ҳайати шахсӣ курсантони курси якуми ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ ва командирони гурӯҳҳои таълимӣ ба ин чорабинӣ вобаста шуда оиди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти муомила бо силоҳу аслиҳа дастури мушаххас дода шуд.
Таҳти назорати роҳбарияи факултет курсантони ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ сарҷамъонона ба минтақаи тирпарронии РВКД дар вилояти Суғд ҳозир шуданд. Барои гузаронидани машқи тирпарронӣ кормандони пуртаҷрибаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар вилояти Суғд вобаста карда шуда буданд, ки онҳо барои пурра намудани донишҳои назариявӣ курсантонро аз наздик бо қисмҳои асосӣ, ҳолномаи ҷангӣ ва тарзи тирпарронии силоҳҳои ҷангии автомати Калашников, пулемёти Калашников ва норинҷакандози зиддитанкӣ РПГ-7 шинос намуданд.
Баъдан таҳти назорати доимии устодон ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ин машғулияти амалӣ ташкил ва гузаронида шуд. Тирпарронии амалӣ барои курсантони ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бори аввал буд, ки ба ҳар як нафар хотирмон гашт.
Собиров И.Ғ., и.в сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ,
полковники милитсия.