Санҷиши омодабошии фаврии курсантони курси якум дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он бо иштироки васеъи роҳбарияти Вазорат ва Академияи ВКД, мутахассисони Дастаи таъиноти махсуси милитсия таҳти роҳбарии бевоситаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва Мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҷураев Ориф Олтинович санаи 18-уми сентябри соли равон бо эълон намудани «Бонги хатар» ҳолати омодабошии фаврии курсантони курси якум дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ гузаронида шуд.
Раванди омодабошии мазкур бо санҷиши ҳайати шахсӣ дар ҳолати махсус ва тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон баргузор гардида, дар он ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии курсантони курси якум дар ҷамъомади таълимӣ- саҳроӣ фаъолиятӣ баланди ҳарбӣ-хизматӣ нишон доданд.
Натиҷаи санҷиши омодабошии фаврии курсантони курси якум дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ аз ҷониби Мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҷураев Ориф Олтинович баҳои хуб дода шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки таҳти роҳбарии сардори Акадамияи ВКД мунтазам омодабошии ҳайати шахсӣ дар факултетҳо санҷида шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи фаврии назди сардори Академия баррасӣ мегардад.
Натиҷаи санҷишу омодабошиҳо дар Академияи ВКД нишон дод, ки ҳайати шахсӣ дар ҳолатҳои ногаҳонӣ пурра аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ баромада метавонанд.
Бозоралӣ Асламов, Саида Сафарова, Шавкат Убайдуллоев.