Иштироки мутахассиси Академияи ВКД дар семинари байналмилалӣ
Бо мақсади иштирок дар семинари байналмилалӣ бо номи «Маълумот барои адолати судӣ Е4J» (Образование во имя правосудия Е4J), ки дар ҳамгироӣ бо Мактаби ҳуқуқи Донишгоҳи КIMEP Ҷумҳурии Қазоқистон ва дастгирии Раёсати мубориза ба қочоқ ва ҷинояткории назди Созмони милали мутаҳид (УНП ООН) дар шаҳри Алмато баргузор гардид, сардори факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Сафарзода Х.С. ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.
Семинари мазкур рӯзҳои 11-12-уми сентябри соли 2019 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи КIMEP Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат варзида, дар ин ҳамоиш табодули афкори тарафайн бо иштироки экспертон, олимон, омӯзгорон ва кормандони амалия аз давлатҳои Аврупо, Африқо ва Осиё доир гардид.
Дар семинар асосан тарзу усулҳои муосири баргузор намудани лексия-суҳбатҳо вобаста ба масоили мубрами рӯз аз қабили муқовимат ба терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва воситаҳои нашъадор матраҳ гардид. Дар муҳокимаи мавзӯъҳои пешниҳодшуда Х.С. Сафарзода фаъолона ширкат варзида, оид ба таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар муқовимат ба ин таҳовуллоти номатлуб андешаҳои манфиатпазир иброз намуд, ки аз ҷониби иштироккунандагони семинар бо майли том пазируфта шуданд.
Дар интиҳои семинари байналмилалӣ - «Маълумот барои адолати судӣ Е4J» (Образование во имя правосудия Е4J) ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр