Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ дар факултети №4

253

Тибқи талаботи нақшаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо максади аз худ намудани маҳорат ва малакаи ҳарбӣ-хизматӣ ва омодагии ибтидоии довталабони соли қабули 2019 бо курсантони курси якум дар ҳудуди факултети №4 гузаронидани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамзамон мутобиқи фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. барои саривақт азхуд намудани барномаҳои таълимӣ ба ин ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ афсарони пуртаҷриба майори милитсия Ибрагимзода Ҷ., капитанҳои милитсия Сайфидинов И., Идибойзода Д., Сайфидинзода С. ва Ҳасанзода Ҷ. вобаста карда шуданд. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ аз ҷониби сардори факултет, полковники милитсия Насуриён П.А. тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
254
Бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани ҷамъомади таълимӣ - саҳроии курсантони курси 1-уми факултети №4, як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, мавриди иҷроиш қарор дорад.
255
Имрӯзҳо курсантон дар як шароити хуб ҷамъомад мегузаранд, яъне ҷойҳои хоб тозаву озода мебошад. Ба ғайр аз мавзеи ҷамъомад дар дигар ҳудудҳои факултет низ бо дастгирии сардори факултет корҳои ободонӣ гузаронида шудааст, ки ин ҳам барои таълиму тарбияи дурусти курсантон мусоидат менамояд. Роҳбарияти ҷамъомади таълимӣ – саҳроӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки чорабинии дар пеш истода яъне «қабули Савганд» дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, барои тарбияи курсантони курси якум аз аввал то ба охир расидани ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ дониш ва малакаи касбии худро ба курсантон дареғ надоранд.

Собиров И.Ғ., и.в. сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ- хизматии

факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...