Боздиди намояндагони ВКД Ӯзбекистон аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 17-уми сентябри соли 2019 гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон, полковники милитсия Тошпулатов Азиз Анварович ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони воҳидҳои таълимӣ ва илмӣ-таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон бо инфрасохтори Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуда, аз баъзе синфхонаҳо, аз ҷумла, аз синфхонаҳои махсуси факултетҳои №5, №6 ва техникаи махсус боздид ба амал овара, ҳамчунин дар рафти дарсҳои назариявӣ ва амалиявӣ иштирок намуданд.
Сипас, ҷонибҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ муовини якуми ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковники милитсия Тошпулатов А.А. барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи он арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои минбаъда байни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон устувор хоҳад шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр
Убайдуллоев Ш.Э.