Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқдоми неки курсантони факултети №4

250

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, таъкид карданд, ки ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар якрӯзи ҳавои мусоид бояд пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.

Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати Пешвои Миллат аст, ки солҳои охир беш аз беш рӯйовардани мардум руҳи тозаи созандагиву ободонӣ дар қаламравӣ Тоҷикистон афзунтар намуда, онҳоро пайи иҷрои амалҳои хайру созандагӣ раҳнамун сохта истодааст.
Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, хушнудиву болидахотирӣ санаи 13.09.2019 курсантон бо роҳбарии сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои гузаронидани шанбегӣ дар «Боғи ғалаба» -и шаҳри Хуҷанд омодагии ҷиддӣ дида, сараввал атрофу акнофро тоза намуда хоки зери ниҳолҳоро нарм намуданд ва заминҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд. Онҳо заминро аз сангҳо, ҷойҳои сайру гаштро аз партовҳо тоза намуда намуданд. Инчунин ба ҷуз тарбияи зеҳниву маънавӣ курсантон боз ба меҳнати ҷисмонӣ, яъне ҳамарӯза барои ободонии атрофи таълимгоҳи факултет ва назди хобгоҳ машғул ҳастанд, яъне ҳадаф аз гузаронидани шанбегӣ ин аз бар кардани қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст.
Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ кунад, чӣ хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад. Беҳастиҳои табиат, ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст.
Ҳар як инсонро қарзи бузурги инсонӣ он аст, ки ҳастиҳои табиати нодирро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Дар ободонӣ ва озодагии гирду атроф кӯшиш намояд. Дар афзудани манбаъҳои бузурги табиӣ ҷаҳд кунад ва нагузорад, ки табиат рӯ ба завол оварад. Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дорад ва эҳтироми табиату манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони асил аст.
Боиси хушнудист, ки дар факултет устодоне низ ҳастанд, ки бо маҳсули дастони зебоиофарашон ва боазми қавӣ барои ободии ин таълимгоҳ камари ҳиммат мебанданд. Гирду атрофи таълимгоҳро бо гулҳои тирамоҳӣ лабрез намудаанд.
Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир ва осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо ҳамчун инсони комил онҳоро хуб парвариш намоем ва аз зебоиҳои онистифода барем, хотирамонро болида мегардонанд. Агар обҳоро чун сарвати бебаҳо сарфакорона истифода барему тоза нигоҳашон бидорем, манбаи пайдоиши нуру зиё ва зебогии оламу одам мегарданд. Агар захираҳои табиатро муқаддас ҳисобему онҳоро сарфакорона истифода барем, зиндагиамон торафт ободу зебо ва хотирмону дилпазир хоҳад гашт.

251

Вазифаи устодони ин даргоҳ бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ тарбия кардани шогирдон, ба роҳи рост ҳидоят намудан, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро устувор нигоҳ доштан, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода тавонистан, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст доштан ва пайваста саъй кардану ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонидан мебошад.
Ҳар шахсе, ҳар нафаре, ки боре диёри моро дид, гӯш ба афсонаи дарё дод, қатрае аз он нӯш намуд, умре онро фаромӯш намекунад. Ҳамеша садои дарё, навои чашмасорон, оромии кӯҳҳои бовиқор истода дар пеши назараш, дар гӯшу ҳушаш садо медиҳад, ҷилвагар мегардад.
Кишвари азизамон Тоҷикистон бисёр табиати бузургу нодир дорад, ки барои васфаш китобҳо лозим меоянд. Табиати атрофро ба чатри сояафкани бузург метавон ташбеҳ дод, ки инсониятро аз гармову боришоти зиёд эмин медорад, аз бемориҳо дур месозад ва дар паноҳи гулу гиёҳ ва дарахтони сарбаландаш мепарварад.
Факултети № 4, ки як гӯшаи диёри зебоманзараи Тоҷикистон мебошад, ҳайати олимон ва профессорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ободонии ин гӯшаи диёр саҳмгузор бошанд. Зеро, ки ободии диёр аз ҳар хонавода, маҳал оғоз меёбад.

Сардори қисми таълимии факултети №4, н.и.ф.,
майори милитсия Ҷабборова М.Т.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...