Ифтихори Академияи ВКД
Бузургон илмро монанди баҳри бекарон донистаанд ва ҳар касе вориди ин баҳр шуд, агар соҳиби азму иродаи қавӣ асту ҳамеша барои бозёфтҳои нав кӯшишу талош дорад, албатта, ба соҳили мурод мерасад. Вале агар шиноварӣ наомӯхту аз дасту по задан бозистод, ҳаргиз наметавонад хостаҳои хешро амалӣ намояд.
Ангуштшумор ҳастанд устодоне, ки бо дониши амиқ ва ҳайсияти боҳашамати илмии хеш мазраи дилҳоро сероб мегардонанд ва дар сабзишу нумӯъ ниҳолони навбар аз нуру зиёи эшон бархурдор мегарданд. Устоди гаронқадр, марди фозил ва инсони наҷиб, сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия, Насуриён Пӯлод Асадулло дар дарозои тақрибан 25 соли фаъолияти илмӣ ва таълимиву эҷодӣ дар ҳар марҳилаи умр пайваста дар такопӯ будаанд ва тавонистаанд ҳамчун ғаввоси моҳир беҳтарин гавҳару дурдонаҳоро аз қаъри баҳри илм берун кашанд. Эшон бо заҳматҳои шаборӯзӣ барои ҳалли масоили умдаи ҳуқуқшиносӣ хидматҳои шоиста кардаанд. Натиҷаи ин ранҷу кӯшишҳо таълифи зиёда аз панҷоҳ адад асари илмиву методии пурарзиш мебошад. Зери таҳрири устод зиёда аз 40 мақолаву дастурҳои таълимӣ ба нашр расидааст. Дар айни замон, дар ҳаммуаллифӣ таълиф гардидани қисмате аз рисолаҳои мазкур аз ҳамкории васеъ доштани устод бо донишмандони дигар ва шогирдони болаёқаташон гувоҳӣ медиҳад.
Тавре маълум аст, бо тақозои замони соҳибистиқлолӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи маориф, таҳияи дастурҳои таълим ва китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замон барои ҳамаи фанҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Устод Насуриён П.А. ба ҳайси яке аз саромадони ҳамин анъанаи наҷиб барои мактабҳои миёнаву олӣ китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карданд, ки ҳам аз ҷиҳати усули нигориш ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа метавонад сармашқи кори дигарон дар таълифи чунин китобҳо гардад. Осори илмӣ ва методии таълифкардаи мавсуф аз тарафи ҳуқуқшиносон осон хуш пазируфта шудааст ва он далел бар саҳми арзишманди устод дар инкишофи риштаи ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Устод ғайр аз таълифи рисолаву дастурҳои таълим дар корҳои ҷамъиятии шаҳриву вилоятӣ ва донишгоҳиву факултетӣ низ ҳамеша пешрав ва роҳнамо барои дигарон ва алалхусус, ҷавонон ҳастанд.
Хизматҳои устод бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», “Аълочии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва якчанд медалҳо қадр гаштааст. Имрӯзҳо ҳам Насуриён П.А. дар айни авҷи фаъолияти эҷодӣ ҳастанд ва дар амалӣ сохтани нақшаҳои навашон пайваста талош меварзанд. Устод барои дастовардҳои баланди таълимиву тарбиявӣ ва фаъолияти самаранок дар рушди илм аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шуд.
Мо устоди азизро бо сарфароз гардидан ба ин мукофоти давлатӣ шодбош гуфта, барояш тандурустӣ, офияти пайваста ва нусратҳои бештари илмиро хоҳонем. Бигзор солҳои сол дар канори мо бошад ва аз маслиҳату тадбирҳои судмандаш боз ҳам мустафид гардем.
Ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон