Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантону кормандони Академияи ВКД бо маҳсулоти тару тозаи худӣ таъмин карда шуданд

246

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аскарон, курсантону омӯзгорон, истифодаи самараноки қитъаҳои замин дар Академияи ВКД таҳти назорати бевоситаи сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Рахмоналӣ дар қитъаи замини назди Академия ҳосили чинаки дуюми маҳсулоти тару тозаи сазавот, аз қабили 585 кг каду, 60 кг бодиринг, 230 кг помидор, 400 кг тарбуз,110 кг боимҷон, 60 кг қаламфури булғорӣ ва дигар маҳсулоти витаминдори ғизоӣ ҷамъоварӣ карда шуд.
Маҳсулоти ҷамъовардашуда барои зимистонгузаронӣ захира карда шуда, дар парвариши он саҳми кормандони таъминот таҳти роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД оид ба таъминот, полковники милитсия Додарбеков Р.Б. назаррас мебошад.
Ҳамзамон барои ҳосили 2-юм замина гузошта шуда, турб дар 3 сотих, шалғам дар 3 сотих, капуст дар 20 сотих ва пиёзи бехи баҳорӣ дар 10 сотих кишт карда шуд.

247248

Қисме аз маҳсулоти ҷамъоварда ба кормандони Академияи ВКД тақсим карда шуд. Ҳамзамон чунин чорабинӣ бо супориши сардори Академияи ВКД, дар факултети №4 (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд) амалӣ карда шуда, дар он ҷо бо саъю кӯшиши сардори факултети мазкур полковники милитсия Насуриён П.А. хоҷагии ёрирасон барои эҳтиёҷоти курсантон ташкил карда шудааст.
Убайдуллоев Ш., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...