Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои амалигардонии қонунгузории оилавӣ: назария ва амалия»

45

Рӯзи 20-уми декабри соли 2017, бо ташаббуси роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои амалигардонии қонунгузории оилавӣ: назария ва амалия» бо иштироки олимон ва омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Академияи мазкур баргузор гардид.

44Конференсияи илмӣ-амалиро муовини аввали сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки «Аз таърихи инсоният маълум аст, ки дар ҳар як давру замон оила ва зуҳуроти оиладорӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ буд, ҳаст ва мемонад. Аз ин лиҳоз, яқин аст, ки тамоми шоирон нависандагон, олимону муҳаққиқон, шоҳону зимомдорон ва дигар шахсон аз ин мактаби ҳуқуқию ахлоқӣ гузаштаанд.
Таълиму тарбияи инсон ва ташаккули инсоният маҳз аз оила сарчашма мегирад, чунки оила дар эъмори ҷисму рӯҳи инсон нақши муҳим мебозад.
Дар Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои оилавӣ диққати хоса дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши оила, мактаб ва ҷомеаро дар тарбияи кӯдак муҳим ҳисобида, яке аз омилҳои асосии ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавононро дар сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа медонад».
Дар ҷараёни конференсияи илмӣ-амалӣ олимон, омӯзгорон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баромад намуда, доир ба проблемаҳои амалигардонии қонунгузории оилавӣ фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Аз он ҷумла, Хайруллоев Фарух Сайфуллоевич – дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дар мавзӯи «Баъзе холигиҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар – сардори факултети №5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқи молумулкии ҳамсарон», Бобоев Ҷаммурод Қурбонович – мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дар мавзӯи «Баъзе проблемаҳои қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич – муовини сардори факултети №2-юми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия дар мавзӯи «Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он» ва дигар олимону мутахассисони соҳа маърӯза намуданд.

46

Дар хотимаи конференсияи илмӣ-амалӣ вобаста ба «Проблемаҳои амалигардонии қонунгузории оилавӣ: назария ва амалия» тавсияҳо қабул гардида, ҷиҳати мукаммалгардонии фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатӣ муҳим арзёбӣ гардиданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...