Мусобиқаи рафиқона оид ба футболи хурд
Рӯзи 9-уми сентябри соли 2019 дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри ривоҷу равнақи футзал таҳти унвони «Ҷоми Истиқлол» мусобиқаи рафиқона оид ба футболи хурд байни дастаи курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи овозадори «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд, ташкил ва гузаронида шуд.
Мусобиқаи мазкур аз тарафи роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ, бо риояи ҳамаи талаботҳо, ташкил карда шуд. Ҳамзамон намояндагони ҳарду дастаҳо дар толори варзишӣ ширкат варзида мухлисӣ намуданд, ки аз ҳамин сабаб мусобиқа ниҳоят шавқовар ва хотирмон гузашт. Иштирокчиёни мусобиқаи мазкур дар фазои тантанавӣ аз тарафи Президенти клуби футзал, бо Сипоснома ва Ифтихорнома ва медалҳо ҳавасманд карда шуданд.
Ёдрас аз он мешавем, ки бо ташаббуси бевоситаи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш барои ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ», байни ҷавонон ва наврасони вилояти Суғд санаҳои 6-7-уми майи соли 2019 мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуда буд.
Дар мусобиқаҳои мазкур курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар намуди «Футболи хурд» байни дастаҳои ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол намуда, чемпиони мутлақ гардида буданд.
Бинобар ғолибиятро ба даст овардан ва яке аз дастаҳои беҳтарин ҳисоб гардидани дастаи факултети №4 Академияи ВКД ҶТ сабабгори даъват гардидани онҳо аз тарафи масъулони мусобиқа, ҳамчун яке аз дастаҳои ғолиби вилояти Суғд, гардиданд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия