Мусобиқаи варзишии волейбол бахшида ба Иди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси талаботу супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаи чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташвиқу тағриби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани варзиши сабук аз тарафи роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД дар байни кормандон ва курсантон санаҳои 2-6-уми сентябри соли 2019 мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди «Волейбол» ташкил ва гузаронида шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки мусобиқаҳои мазкур дар ҳудуди факултети №4 аз санаи 2-юм то санаи 6-уми сентябри соли 2019 ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он аз тарафи ҷузъу томҳои факултет 5 даста, яъне дастаи кормандони факултет, дастаи курсантони курси 2-юм, дастаи курсантони курси 3-юм ва дастаи курсантони курси 4-ум ва дастаи курсантони курси 5-ум, фаъолона иштирок намуда, тибқи ҷадвали баргузориҳои бозиҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Рафти бозиҳо бо иштирок ва назорати роҳбарияти факултет ва кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ баргузор гашт.
Мусобиқаи мазкур бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт: - Ҷойи аввал насиби бозингарони дастаи курси 3-юм, ҷойи дуюм насиби бозингарони дастаи кормандони факултет ва ҷойи сеюм насиби бозингарони дастаи курсантони курси 5-ум гардид.
Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия.