Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табодули таҷриба – омили рушди дуҷонибаи илмӣ-педагогӣ

240

Ҷаҳони муосир, ки зарурати наздикшавӣ ва мутобиқ гардонии низомҳои миллии маорифро бо мақсади бунёди фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти олӣ равона кардааст, наметавонад бетабодули таҷрибаи дохилию хориҷӣ муваффақ гардад. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус, барои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо як ҷузъи муҳими фаъолияти касбӣ ҳисоб меёбад.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин ҷузъи таркибии Вазорати мазкур ба ҳисоб рафта пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар раванди ислоҳоти милитсия ҳамчун зерсохтори масъул рисолати хешро дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва меҳанпарастии миллӣ гузорад.

241

Дар ростои даврони соҳибистиқлолӣ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмии Россия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Туркия ва дигар давлатҳои ИДМ робитаҳои илмӣ барқарор намуд. Дар натиҷа, устодону олимони донишгоҳ имкон пайдо карданд, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дар шӯроҳои дифои марказҳои илмии кишварҳои мазкур ҳимоя намоянд.
Ин амр баёнгари эътирофи дастовардҳои илмӣ ва натиҷаҳои пажӯҳишии устодони донишгоҳ дар мамлакатҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад.
Бинобар ин метавон гуфт, ки муносибатҳои шарикӣ бо Академияҳои соҳавии кишварҳои хориҷӣ, бахусус Федератсияи Россия бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки тадбирҳои мушаххасро дар самти боз ҳам мутобиқсозии барномаҳои касбии таълимӣ гузорем.
Дар таърихи 3-юми сенябри соли равон олимон ва омӯзгорони шинохтаи Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, корманди шоистаи илмии Федератсияи Россия Лавров Владимир Петрович ва номзади илмҳои ҳуқуқ Василева Мария Александровна барои табодули таҷриба ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Худи ҳамон рӯз бо омӯзгорон ва шунавандагони Факултети №1 дар мавзӯи «Проблема ва масъалаҳои идоракунӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ» семинари илмӣ-амалӣ гузарониданд. Баъдан дар рафти суҳбат бо роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф намуданд, ки дар якҷоягӣ бо ҳамроҳии олимони Академияи ВКД ҶТ ва Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия китоби дарсии «Криминалистика»-ро ба нашр расонанд, ин таклиф бо як рӯҳбаландии хоса пазируфта шуд.
Инчунин меҳмонон аз Академия ва факултети №6 оид ба «Тайёр намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон» низ дидан намуданд.
Дар анҷоми сухан метавон гуфт, ки дар ҷараёни ислоҳоти милитсияи тоҷик, Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст, ки ҳарчи бештар аз дастовардҳои олимони кишварҳои хориҷӣ, ки дар ин самт муваффақ гардидаанд, бо дар назардошти хусусиятҳои миллӣ истифода намоянд.

242

Баъдан олимони Россия Лавров В.П. ва Василева М.А. аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, таассуроти хотирмон аз зебогиҳои кишвари азизамон бардоштанд.

Файзалӣ ҚОСИМОВ,
Бозоралӣ АСЛАМОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ,
Омӯзгорони Академияи ВКД
ҶумҳурииТоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...