Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Х-умин маҷлиси роҳбарони мактабҳои олӣ

231

Рӯзи 6-уми сентябри соли 2019 дар Академияи идоракунии ВКД Россия Х-умин маҷлиси роҳбарони мактабҳои олӣ - аъзоёни Ассотсиатсияи мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлат-иштирокчиёни ИДМ оид ба тайёр намудан, баланд бардоштан ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи МКД/Политсия баргузор гардид, ки дар он сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода низ иштирок намуд. 

Дар маҷлиси ҷашнӣ ҳамчунин, роҳбарони Академияи идоракунии ВКД Россия, Комплекси таълимии политсияи Ҷумҳурии Арманистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларусия, Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Беларусия дар ш. Могилев, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Алмато, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Карағанда, Академияи политсияи Ҷумҳурии Озорбойҷон иштирок варзиданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи идоракунии ВКД Россия, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-лейтенанти политсия А.В.Конев баромад намуда, оид ба равандҳои асосии Академияи идоракунии ВКД ва лоиҳаҳое, ки дар солҳои 2018-2019 иҷро шуда буданд, изҳори андеша намуд.
Мақсади асосии маҷлиси навбатии ҷашнӣ аз баррасии натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таълимии олии ВКД/Политсияи аъзоёни Ассотсиатсия дар солҳои 2018-2019 иборат буд. Инчунин, дар рафти ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар шароити ислоҳоти соҳаи давлатии таълимӣ баррасӣ шуданд.
Дар рафти кори ҷаласа аз номи иштирокчиён қарор қабул шуд, ки дар он хулосаҳои ҷамъбастӣ ва равандҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаи Ассотсиатсия инъикоси худро ёфтанд.

232

Бояд гуфт, ки ҷаласаи Х-уми Ассотсиатсияи мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлат-иштирокчиёни ИДМ бо ҷашн гирифтани 90-солагии Академияи идоракунии ВКД Россия рост омад ва роҳбарони мактабҳои олӣ - аъзоёни Ассотсиатсия дар чорабиниҳои тантанавие, ки ба ин муносибат бахшида шуда буданд, иштирок намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...