Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти дастаи варзишии Академияи ВКД дар Спартакиадаи байналмилалӣ

228

Рȳзҳои 6-9-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Спартакиадаи байни Ассотсиатсияи Академияҳои милитсияи (политсияи) ИДМ аз намудҳои варзиши шоҳмот, тенниси рȳи миз ва гирбардорӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ аз байни 13 давлати аъзои ин Ассотсиатсия дастаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Россия ва Белорусия сазовори ҷои сеюм гардид.
Дастаи варзишии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ роҳбаладӣ намуда, сардори шуъбаи таълими Академия полковники милитсия Одиназода Абдуғафор Шер, сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия Латипов Муҳиб Лоҷварбекович ва курсанти курси сеюм милитсионери қаторӣ Мирзоев Муҳаммадбасир Ҳамидович муаррифӣ карданд.
Ҷои сеюмро аз намуди шоҳмот сардори шуъбаи таълими Академия полковники милитсия Одиназода Абдуғафор Шер соҳиб гардид.
Ҷои сеюм аз намуди тенниси рӯи миз насиби сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия Латипов Муҳиб Лоҷварбекович гардид.
Ҷои дуюмро аз намуди гирбардорӣ курсанти курси сеюм милитсионери қаторӣ Мирзоев Муҳаммадбасир Ҳамидович мушарраф гардид.
Аз ҷониби созмондиҳандагони Спартакиадаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ба сардори Академияи ВКД ва ғолибони Спартакиада Ҷом ва дипломҳои ғолибиятӣ дастаи варзишӣ супорида шуданд.

229230

Бояд тазаккур дод, ки ин бори аввал нест, ки дастаи варзишии Акдаемияи ВКД дар мусобиқаҳои баналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва ин тӯҳфае арзандаест, ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ.
Асламов Бозоралӣ, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...