Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Иди Истиқлол дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ

225

Бо иштироки васеи роҳбарияти Академияи ВКД, волидайни курсантони курси якум дар қисми ҳарбии 6592-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дастаи ҳаваскорони Академия ва ҳунарпешаи шинохтаи ҷумҳурӣ Баҳром Ғафурӣ бо курсантони Академия, ки дар ҷамъомади таълимии саҳроӣ қарор доранд, таҷлили бошукуҳи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотӣ муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ кушода, иброз намуд, ки маҳз бо туфайлӣ талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба комёбиҳои беназир ноил гардиданд. Басо рамзист, ки маҳз дар рӯзи Истиқлолият – 9 сентябр агрегати 2-юми НБО Роғун ба тариқи тантанавӣ ба кор оғоз намуд, ки бо ин падидаи нодир низ шуморо табрик мегӯям.
Сипас, дар бораи дастовардҳои Истиқлолият курсантони Академия маърӯзаҳои мухтасар намуданд.

226227

Дар қисми дуюми чорабинӣ барномаи консертии дастаи ҳаваскорони Академия ва ҳунарпешаи шинохтаи эстрадаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ баргузор гардид, ки зери таронаҳои ватандустӣ, Истиқлолият, озодӣ ва худшиносии миллӣ курсантон хурсандӣ намуданд.
Дар фарҷом, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бахшида ба ин санаи муборак ва ифтитоҳи агрегати 2-юми НБО Роғун зиёфати идона ороста шуд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...