Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки курсантони Академияи ВКД дар Озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2019»

223

Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд - таъқид медоранд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон. 

Дар робита ба ин гуфтаҳо, ҳамзамон, бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар Вазорати маориф ва илм Озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ-касбии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2019» баргузор гардид.
Мақсади гузаронидани Озмун – ин дар оянда ҷалби ҷавонон ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Дар Озмун зиёда аз 250 донишҷӯён аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар баробари донишҷӯён курсантони Академияи ВКД низ фаъолона иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

224

Дар қатори онҳо курсанти курси 2 факултети №6 Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Қосимов Усмоналӣ, ки ғолиби ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II ва курсанти курси 3 факултети № 2, сержанти хурди милитсия Умарҷони Эмомҳусайн мебошанд, ки ғолиби ҷойи сеюм ва дипломи дараҷаи III гардиданд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД ғолибони худро, ки дар Озмун фаъолона ширкат варзиданд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар корҳои таълимӣ ва илмии минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно намуда ба Ватан ва халқи худ содиқ буданро изҳор менамоянд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр
Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...