Истиқлолият - рушду нумӯи давлатдории миллӣ
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ собиқ ҷумҳуриҳо ба роҳи истиқлолияти хеш кӯшиданд. Аввалин нишонаи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабули қонуни давлатӣ «Дар бораи забони тоҷикӣ» (соли 1989), сипас соли 1991 - 9 сентябр ба тариқи расмӣ эълон намудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар замина гузошт.
Дар баробари нофаҳмиҳо, нобасомониҳо ва идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ қисмати зиёди кишвар дар ҳолати бӯҳрони иқтисодиву маънавӣ қарор гирифт. Аз ин рӯ, истиқлолият маънои на танҳо ба расмият шинохтани давлат, балки фаъолияти амалии ҳар як фарди Тоҷикистониро тақозо менамуд. Ин буд, ки барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мустақилият дар соҳаи энергетика ва ба кор андохтани корхонаҳои саноати сабук ва ҳам вазнин дар назди мардум вазифаҳои хеле зиёд меистод. Дар давоми Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои хеле назаррас соҳиб гардид. Кишварро зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Инчунин ваҳдати тоҷикон барои тамоми давлатҳои ҷаҳон намунаи ибрат мебошад. Аз тарафи президенти шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ профессор Антон Каража мувофиқи қарордоди ин шӯро ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон унвони пешвои асри XXI мансуб дониста шуд. Ин унвон тамоми дастовардҳои кишварро дар тӯли XX - сол таҳти сарварии Президенти кишвар ифода мекунад.
Соҳибихтиёрии халқ дар соҳибихтиёрии давлат ва соҳибихтиёрии миллӣ таҷассум меёбад. Халқи Тоҷикистон давлати худро барои татбиқи соҳибихтиёрӣ ҳуқуқдор менамояд. Дар натиҷа ҳокимияти дав¬латӣ соҳибихтиёр гардида, хусусиятҳои ба худ хосро пайдо мекунад. Асоси иҷтимоии соҳибихтиёрии халқ ва соҳибихтиёрии давлат як буда, аз ҳамдигар ҷудонашванда мебошанд. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии халқ ва соҳибихтиёрии давлат шаклҳои гуногуни таҷассуми соҳибихтиё¬рии ягона аст.
Самтҳои асосии фаъолияти давлатӣ оид ба таъмини истиқлолият, ки дар ҷаласаи ХVI пешбинӣ шуд ва аввалин қадамҳои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон моҳиятан робитаи ногусастанӣ бо номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дорад, зеро ӯ дар муддати барои таърих хеле кӯтоҳ сазовори боварии халқ гардида, тавонист тамоми кӯшишҳои нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ва ҷамъиятиро барои ба даст овардани ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишвар равона созад.
Ҳамин тарик, соҳибихтиёрии Тоҷикистон чунин хусусияти ҳоки¬мияти давлатӣ аст, ки дар асл олӣ, мустақил ва соҳибистиқлол будани онро ифода мекунад.
Ҳоқимияти олии давлатӣ дар он ифода меёбад, ки он низоми ҳамаи муносибатҳои ҳуқуқии дар айни вақт амалкунанда, тартиботи ҳуқуқӣ, қобилияти ҳуқуқдорӣ, ҳукуқу вазифаҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Инъикоси равшани худро ҳокимияти олии давлатӣ дар Конститутсия ва қонунҳои давлат меёбад, ки онҳоро мақомоти олии давлатӣ тайёр ва қабул мекунанд ё ба раъйпурсӣ пешниҳод менамоянд.
Хусусияти дигари соҳибихтиёрии давлат ягонагии (ваҳдати) ҳокимияти давлатӣ буда, ҳеҷ ягон иттиҳод ва қувваи сиёсии дигар набояд ба ҳокимияти давлатӣ дахолат кунад.
Бори аввал дар Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ки санаи 24-уми августи соли 1990 ба тасвиб расонида шудааст, пояи дар ҷумҳурӣ барпо кардани давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро инъикос намуд
Ҳамин тарик, соҳибихтиёрии Тоҷикистон чунин хусусияти ҳоки¬мияти давлатӣ аст, ки дар асл олӣ, мустақил ва соҳибистиқлол будани онро ифода мекунад.
Санаи 6-уми сентябр вобаста ба ин ҷашни хотирмон дар ҳудуди факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати роҳбарикунандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарон, курсантони факултет, иштирок намуданд. Ҷамъомади тантанавиро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қисми низомӣ, полковники милитсия Олимзода А.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида дар бораи ҳифзи асолати миллӣ ва арзишҳои миллӣ сухан намуд. Собит карда шуд, ки яке аз рукнҳои давлатдории тоҷикистониён аз Истиқлолияти давлатӣ оғоз мегардад.
Баъдан муаллимаи калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, подполковники милитсия Муқимзода М.М., маърӯза карда ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро дар ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд бо проблемаҳои иҷтимоӣ мавриди назар қарор дод.
Инчунин раиси Шӯрои собиқадори факултет, подполковники мустаъфӣ Раҳматов Ш. ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табриқ намуд.
Дар охир устодон ва курсантони фаъоли факултет бо «Ифтихорнома» ва «Раҳматнома» аз тарафи роҳбарияти факултет сарфароз гардонида шуданд.
Мукимзода М.М., муаллимаи калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия