Тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Дониш
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди маориф таваҷуҳҳи хос зоҳир менамояд. Дар тӯли 28-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ афзуда, ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон пурра фаро гирифта шудаанд. Соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ ҳамчун соҳаи калидӣ эълон гардида, бори нахуст маҳз дар давраи Истиқлолият на танҳо дар пойтахти кишвари азизамон, балки дар марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ шумораи мактабҳо, колеҷҳо, донишкада ва донишгоҳҳо ба маротиб афзуд. Довталабони мактабҳои олӣ имконият пайдо карданд, ки бемамоният тавассути Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олӣ дохил шаванд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» дар густариши корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ нақши бузург бозид. Аз ҷониби Пешвои миллат дар расми тантанавии ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани мутахассисони варзида вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Аз ҷумла, шиносоӣ бо техналогияҳои муосири итилоотӣ ва сатҳи забондонии мутахасисони оянда.
Аз ҷониби роҳбарият, ҳайати омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД бо диққати том суханронии Пешвои миллат дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, барои тақвияти корҳои таълимию тарбиявӣ хулосаҳои зарурӣ бароварда, онро сармашқи кори худ қарор доданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.