Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳосили фаровони хоҷагии ёрирасони Академияи ВКД

213

Дар партави иҷрои дастуру супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохторҳои қудратӣ бо озуқавории босифат аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон, мунтазам дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии шуъбаи таъминоти он дар хоҷагии ёрирасони Академия маҳсулоти сабзавоту меваҷоти полезӣ кишт карда шуда, ҳосили фаровон дар арафаи Рӯзи Дониш ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шуда, барои ниёзи курсантон ва омȳзгорон мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла аз замини кишти Академия 1 тоннаю 100 килограмм каду, 150 килограмм тарбуз, 34 килограмм боимҷон ва 10 килограмм қаланфур ба анбори хӯроквории Академия ворид гардид. 

214

Бояд иброз намуд, ки ин иқдом бо супориши сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт. Таҷрибаи хоҷагидории Академия собит намуд, ки аз як замини кишт то се маротиба ҳосил ғундоштан мумкин аст, ки он масъалаи талаботи озуқавории Академияро дар фасли тирамоҳу зимистон пурра қонеъ карда метавонад.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...