Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-уми декабри соли 2018 баҳри тақвият ва рушди ояндаи ҷумҳурӣ «Солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.
Пешвои миллат мудом сиёсати фарҳангсолорӣ пеш бурда дар эҳёи сунатҳои миллӣ саҳми арзанда дорад. Аз лиҳози этнографӣ шарқшиносони маъруфи дунё Бартолд В.В.,Бертелс Е.Э., Брагинский И.С., Семёнов А.А., Шишов А,П., академик Бобоҷон Ғафуров - фарҳангу ҳунари милли тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ намуданд.
Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин анъанаи некро идома дода ҳунарҳои мардумиро инъикосгари фарҳанги бою қадимаи тоҷикон зинда намуд. Имрӯз дар ҷаҳон ҷомаи суғдӣ, чакани кӯлобӣ, ҷуроби бадахшонӣ дар музоядаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба савдо гузошта шуда, қимати баландро соҳиб аст. Дар Парижу Лондон, Ню-Йорку Токио ҳунарҳои мардумии миллати мо ба маъзари намоиш гузошта шуда, ҳазорон ва миллонҳо муштоқон ва мухлисони хешро пайдо кардааст.
Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрат дошт. Деворнигораву ёдгориҳои санъати амалии Варахша, Панҷакенти қадим, Шаҳристон, Тупроққалъа ва ғ. аз дараҷаи баланди санъати амалии ниёгонамон маълумот медиҳанд. Аз қадим шаҳрҳои Тоҷикистони шимолӣ ҳамчун маркази ҳунарҳои мухталиф эътироф гардида буданд.
Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд.
Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон дар давоми карнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сӯзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунархои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то замони мо расидааст. Аммо бархе аз ҳунарҳо бебозгашт аз байн рафтаанд.
Тоҷиконе, ки дар водиҳо, махсусан дар шахрҳо сукунат доштанд, ҳунармандиро касби асосии хеш қарор дода, дар ташаккули шаҳрҳо нақши муҳим бозиданд. Тибқи маълумоти шарқшиноси маъруфи рус А.А.Семёнов дар оҳири асри XIX барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мустақили мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони (ҳунармандони) ҳар як намуди ҳунарҳо одатан дар маҳаллаҳои алоҳида сукунат доштанд. Дар бозорҳо низ раста (дӯконҳо)-и алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буда, дар онҳо нафақат маҳсулот ба фурӯш гузошта мешуд, балки истеҳсоли он низ ба роҳ монда шуда буд. Маҳсулоти ҳунармандони шаҳрҳо ҳам эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру мардуми воҳаро ва ҳам эҳтиёҷоти бодиянишинон-чорводорони атрофро низ таъмин мекард. Аҳолии шаҳрҳо бо бодиянишинон робитаи мутақобилан судманди тиҷоратиро ба роҳ мемонданд.
Дар Тоҷикистони шимолӣ яке аз марказҳои муҳими ҳунармандӣ шаҳри Хуҷанд махсуб меёфт. Тибқи маълумоти олими рус Мир Солех Бекчурин соли 1866 ҳунарҳо дар шакли истеҳсолоти хонагӣ қарор дошт. Аксарияти хоҷагиҳои оилавии хуҷандиён бо бофандагӣ машғул буданд. Зиёда аз 100 хонавода бо ин намуди ҳунар машғул буд. Бо ҳунарҳои чармгарӣ, кулолгарӣ ва равғанбарорӣ (ҷувозкашӣ) -50 ханавода,бо ҳунарҳои коркарди фулузот (оҳангарӣ, мисгарӣ, рехтагарӣ ва ғ.), чӯбтарошиву аробасозӣ -50 хонавода машғул буданд. Сарчашмахои хаттии ибтидои асри ХХ Хуҷандро ба сифати «шаҳри тиҷоративу ҳунармандӣ» муаррифӣ намудаанд. Соли 1910 Шишов А.П. дар бораи фаъолият намудани 1141 дӯконҳои ҳунармандӣ дар Хуҷанд маълумот медиҳад.
Дар байни тоҷикон маъмултарин ва бонуфузтарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот (оҳангарӣ), кулолгарӣ маҳсуб меёфт. Ин намуди ҳунарҳо хусусияти меросӣ- оилавӣ доштанд. Қоидаҳо, сирру асрор, усулҳо ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксаран ба писари калонии ҳунарманд омӯзонида мешуданд. То солҳои 20 –уми қарни гузашта дар минтақаи Осиёи Миёна бо бофандагӣ мардҳо ва бо дӯзандагӣ занҳо машғул буданд. Маснуоти кулолгариро бо меҳнати дастӣ занҳо ва тавассути чарҳи кулолӣ мардҳо тайёр мекарданд.
Ҳунарҳои дӯзандагии тоҷикон хеле таърихи қадима дорад. Дар давраи ба мо дастраси этнографӣ ҳунармандони кашидадӯз намудҳои гуногуни сӯзанӣ, ҷойнамоз, рӯҷо, зардевор, зебидевор, тахмонпӯш, зеби тахмон, токчапӯш, кирпӯш, рӯймолҳои занонаву мардона, болинҳои арӯсӣ, тоқиҳо ва ғайра тайёр менамуданд.
Мутаассифона, дар даврони Ҳукумати шӯравӣ бар асари тағйирёбии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, ба роҳ монда шудани истеҳсоли маҳсулоти заводу фабрикаҳо ва пеш аз ҳама манъ гардидани соҳибкории хусусӣ эҳтиёчот ба маҳсулоти ҳунармандон коста гардида буд. Новобаста аз ин дар шаҳрҳои калонтарини вилоятамон ҳунармандӣ аз байн нарафт. Ҳунармандон касбу кори аҷдодиро ривоҷ доданд. Масалан, дар Истаравшан ҳунармандони маъруф, аз қабили, Корманди хазматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, кандакори рӯи чӯб Йӯлдошбек Баротбеков, писар ва шогирдони ӯ Аюбҷон Йӯлдошбеков, Алиҷон Яҳёев, Н. Мирсаидов, ҳуштаксози номвар усто Ғафур Халилов, читгар Шароф Саидов бо писаронаш, сандуқсоз Маҳкам Аюбҷонов, кордсозони номӣ Эргаш Самандаров, усто Акрам, усто Абдуманнон Ҳусейнзода, сӯзанидӯзон ва тӯппидузони машҳур Зиннатой Ҳайдарова, Пӯлотой Аминҷонова ва бисёр дигарон шӯҳрати зиёд пайдо карданд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташабуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ эътибор дода мешавад. Зеро бо ин роҳ фарҳанги миллиамон ҳифз мегардад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003, №43), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (аз 31 октябри соли 2008, № 513) такони ҷиддӣ дар ин самт мебошад.
Ҳунармандони тоҷик аз соли 2003 инҷониб ҳамасола ду маротиба дар ярмаркаи ҳунармандон, ки дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Ярмаркаи мазкур бо ташаббуси созмонҳои байналхалқӣ ва Маркази фарҳангии «Бохтар» баргузор мегардад.
Имрӯзҳо дар вилоятамон санъати амалии ороишӣ дар ду самт ҷараён дорад:
1. Ҳунарҳои бадеӣ
Дар Хуҷанд зардӯзиву адрасбофӣ, дар Истаравшан кордсозӣ, читгарӣ, дар Қайроққум колинбофӣ.
2. Санъати ороишоти халқӣ.
Маҳсулотҳое,ки ҳунармандон мустақилона истеҳсол менамоянд.
Санъати амалии мардумӣ аз давраҳои қадим ташаккул ёфта, ҳамчун ҳунархои халқӣ инкишоф ёфтааст ва аҳамияти худро то имрӯз аз даст надодааст.
Маҳсулотҳои санъати ороишоти амалӣ дар асоси тафаккури озоди ҳунарманд эҷод мешавад ва баҳри файз бахшидан ба муҳити атроф нигаронида шудааст.
Пайваста дар ҳар гӯшаву канори вилоятамон баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли ҷорӣ ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, махсусан қолинбофӣ, тавваҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади омӯзонидани 120 қолинбофон аз ҳисоби занон ба вилоят се нафар мутахассисони эронӣ – Эзадӣ Илоҳа Абдулсамад, Ранҷбар Аъзам ва Марзия Наврӯзӣ Ҳайдар даъват карда шуданд. Онҳо мутахассисони варзидаи соҳаи қолинбофӣ дар остони Форс мебошанд ва тӯли як сол дар вилоятамон фаъолият мебаранд.
Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 дар вилояти Суғд барои барқароркунии ҳунарҳои миллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 30 грант дар ҳаҷми умумии 200 ҳазор сомонӣ таъсис дода мешаванд. Ҳадаф аз ҷудо гардидани грантҳои мазкур дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ, ба мисли қолинбофӣ, сузандӯзӣ, ҳамчунин таъмини занон ва духтарон бо ҷойҳои корӣ мебошад.
28 феврали соли 2014 дар партави Қарору супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ташаббуси Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ таъсис дода шуданд. Маблағи умумии грантҳо 55 ҳазор сомонӣ буда, 5 грант ҳар яке 5000 сомонӣ барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис ёфт.
Дар и шаҳри Истаравшан омӯзишгоҳи касбиву техникии № 14 амал менамояд, ки дар он бо ташаббуси омӯзгор Насиба Искандарова омӯзиши соҳаҳои гуногуни дӯзандагӣ ба роҳ омнда шудааст. Омӯзгор – ҳунарманд Абдулло Ҷумъабоев ба шогирдон ҳунари қошинкориро (ороишоти биноҳо бо гил) меомӯзонад.
Дар шаҳри Исфара филиали муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» амал мекунад. Моҳи феврали соли 2014 бо мақсади иҷрои супориши Раиси вилояти Сугд чиҳати эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар Маркази мазкур курси кӯтоҳмуддати омӯзиши зардӯзӣ ташкил карда шуд, ки дар он 17 нафар занону духтарон таҳти сарварии ҳунарманди шинохта Нарзихон Ортиқова ба омӯзиши ҳунари қадимаи зардӯзӣ машғул мешаванд.
Дар роҳи эҳёи хунархои бадеии миллии тоҷикон дар вилояти Суғд чанд сол инҷониб баргузор гаштани озмуни «Атлас» нақши муҳим мебозад. Ҳадаф аз баргузор намудани озмун тарғиби анъанаҳои миллии либосдӯзиву фарҳангӣ либоспӯшӣ ва эътирофи саҳми занон дар ҳаёти ҷамъияти маҳсуб меёбад.
Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки имрӯзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат гузошта истодаем. Ҳамзамон тадбирҳои муҳим дар самти шинохти фарҳанги миллӣ ва дарки решаҳои он андешида истодаем. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқиятҳо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халқамонро дар соҳаи анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем. Омӯхтан ва эхё намудани ҳунарҳои бадеӣ имконият медиҳанд муайян намоем, ки то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрӯзаи мо ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум, ривоятҳо, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо чӣ робитае доранд.
Имрӯз зарурати таъсиси мағозаҳо ва растаҳои дӯконҳои фурӯши маҳсулотҳои санъати амалии халқӣ ба миён омадааст. Ҳунармандони халқиро зарур аст, ки маҳсулоти тайёр намудаашонро ба талаботи замони муосир мутобиқ намоянд, асарҳое эҷод намоянд, ки дар ҳақиқат арзиши баланди эстетикӣ дошта бошанд. Пеш аз ҳама ба сифати маҳсулот ва ороиш-дизайни он таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Арзон ва харидоргир будани маҳсули ҳунармандон таъмин намоянд.
Дигар паҳлӯи муҳими рушди ҳунарҳои мардумӣ ин ғамҳории Пешвои миллат дар хусуси аз ҳама анозҳо озод намудани ҳунармандон мебошад,ки ин имконияти васеъро барои боз ҳам густариш ёфтани ин самти афзалиятноки фарҳанги миллӣ мекушояд, ки албатта аз ин иқдом ва ғамхориҳои Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сипосгузор бошем.
АСЛАМОВ Б.С., САФАРОВА С.Н., КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН